Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳри Хуҷанд санги асос гузошта шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими гузоштани санги асос барои синфхонаҳои иловагии МТМУ №14-и шаҳри Хуҷанд дар ҳузури аҳли таълимгоҳи номбурда изҳор дошт, ки алъон дар ҳудуди вилоят бинобар афзоиш ёфтани аҳолӣ ҳамасола то 60 адад мактаби нав ва 60 адад кӯдакистон бунёд карда мешавад ва ин иқдомот то ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳад ёфт. Хушбахтона ин иқдоми давлату Ҳукуматро соҳибкорон, аҳолӣ ва шахсони алоҳида дастгирӣ намуда, дар бунёди иншооти соҳаи маориф саҳми арзандаи гузошта истодаанд.
Роҳбари вилоят гуфт, ки ин ҳама тадбир дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, сол ба сол масъалаи мушкилоти норасоии ҷои нишаст дар макотиби вилоят аз байн бурда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои иловагӣ аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо назардошти фарогирии 1100 нафар хонанда дар як баст то ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода хоҳад шуд.
Иқдом ва сохтмони ин бинои иловагии таълимӣ аз ҷониби 5 адад ширкатҳои ватании “Ҳамдастӣ-2013”, “Дурахшони Осинот”, “Кохи Истиқлол”, “Авесто гуруҳ” ва “Фараҳ” амалӣ карда мешавад, ки дар шаҳри Хуҷанд таҷрибаи хуби хонасозиро доранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд