Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба сохтмони бинои кӯдакистон санги асос гузошт.
Мувофиқи лоиҳа бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, барои фарогирии 120 нафар пешбинӣ шудааст. Иншоот дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта мешавад.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинони деҳаи Сангистон иброз дошт, ки имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сохтмони иншооти гуногун идома дошта, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 ҳазор иншоот сохта ба истифода дода хоҳад шуд.
Танҳо дар дар ноҳияи Айнӣ бунёди беш аз 595 адад иншоот ба нақша гирифта шуда, то кунун зиёда аз 400 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Роҳбари вилоят ҳамчунин ба масъулин дастур дод, то дар ин мавзеъ майдони Парчами давлатӣ бунёд карда шавад.
Дар ҳамин мавзеъ роҳбари вилоят бо ҷараёни сохтмони маркази фархангию фароғатӣ шинос гардид. Зимни шиносоӣ маълумот дода шуд, ки бинои мазкур аз як ошёна ва таҳхона иборат буда, то кунун бардоштани деворҳо ба итмом расидааст. Фаромишгар Идораи сохтмони асосии вилоят ва пудратчи ҶДММ "Тоҷик элитсохтмон" мебошад. Ҳамарӯза то 40 нафар сокинони маҳаллӣ ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардида, дар рафти корҳои бинокорӣ асосан маҳсулоти хушсифати ватанӣ истифода мегарад.
Тибқи лоиҳа дар дохили бино тарабхона, сехи дӯзандагӣ, коргоҳи пойафзолбарорӣ, толори варзишӣ, сартарошхона, толори ҳусн ҷойгир карда мешавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд