Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2024 дар вилояти Суғд 73 иншооти соҳаи маориф бо 10745 ҷойи нишаст дар як баст, аз ҷумла дар назди 65 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 331 синфхонаи иловагӣ бо 9365 ҷойи нишаст, 7 толори варзишӣ, 13 майдончаи варзишӣ ва 8 бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 1380 ҷойи нишаст ба истифода дода шуданд.
Соли таҳсили 2024-2025 дар вилоят 959 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 4 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 42 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 839 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 34 гимназия, 28 литсей, 1 мактаби Президентӣ, 3 мактаб-кӯдакистон, 1 интернати санаторӣ, 4 мактаб-интернати махсус барои кӯдакони нуқсондор, 3 интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат бо фарогирии 578310 нафар, аз ҷумла, 283763 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Нисбат ба соли таҳсили 2023-2024 шумораи муассисаҳои таълимӣ 7 адад ва шумораи хонандагон 7714 нафар зиёд шудааст.