Дар нуҳ моҳи соли 2024 дар вилояти Суғд 52 иншооти соҳаи маориф бо 7975 ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор дода шуд.
Аз ҷумла дар назди 44 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 233 синфхонаи иловагӣ бо 6595 ҷойи нишаст ва 8 бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 1380 ҷойи нишаст, инчунин 5 толори варзишӣ, 6 майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуда, шароити таълиму тарбия беҳтар гардонда шуд.
Бояд таъкид кард, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, ин соҳа ҳамчун захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат қарор дорад.
Соли таҳсили 2024-2025 дар вилоят 959 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 578 237 нафар фаъолият доранд.