Дар рӯзҳои таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Себзори ноҳияи Шаҳристон Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд.
Бинои Маркази саломатии деҳаи Себзор аз ду ошёна иборат буда, дорои 17 ҳуҷра аст. Он бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон, саҳмгузории сокинону саховатмандони деҳа ба маблағи 1 млн. 350 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.
Бояд қайд намуд, ки бинои Маркази саломатӣ аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин шудааст.
Кормандони соҳаи тиб ҳамакнун ба сокинони деҳаи Себзор дар шароити хубу мусоид хизмат мерасонанд.