Дар Истаравшан дар соли нави таҳсил синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода мешавад

Дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома доранд.

Аз ҷумла, дар амалисозии бандҳои алоҳидаи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан саҳми соҳибкорону сокинони маҳаллӣ назаррас мебошад.

Махсусан, ба таври ҳашари умумӣ ва дастгирии молиявии саховатмандону соҳибкорони маҳаллӣ бунёд намудани иншооти соҳаи иҷтимоӣ ба ҳукми анъана даромадааст ва дар ин самт бунёду азнавсозии муассисаҳои соҳаи маориф иҷрои корҳо назаррас мебошанд.

Чунончӣ, тӯли се соли охир аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан иқдоми наҷиб роҳандозӣ гардидааст, ки дар тақвияти ташаббусҳои сокинони шаҳр мусоидат мекунад. 

Ин иқдом имкон дод, ки сокинону соҳибкорони маҳаллӣ тавассути кумитаи падару модарон дар назди муассисаҳои таълимӣ иншоотҳои иловагӣ бунёд намоянд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан таҷҳизоти онро, аз ҷумла мизу курсӣ, тахтаи синф ва амсоли инҳоро таъмин менамояд.

Дар идомаи иқдоми мазкур алҳол дар 38 синфхонаҳои иловагӣ бо 2160 ҷойи нишасти нав дар ду баст, 2 толори варзишии наздимактабӣ ва як ошхонаи мактабӣ корҳои ниҳоии омодасозӣ идома дошта, дар соли нави таҳсил ва арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегиранд, ки аксаран дар деҳаҳои дурдасти шаҳр ҷойгир мебошанд.

Аз ҷумла, як бинои иловагӣ бо 10 синфхона дар назди МТМУ №22-и деҳаи Куҳандиж, як бинои иловагӣ бо 6 синфхона дар назди МТМУ №55-и деҳаи Ниҷонӣ, як бинои иловагӣ бо 4 синфхона дар назди МТМУ №63-и деҳаи Қалъаи баланд ва як бинои иловагӣ бо 4 синфхона дар назди гимназияи №3-и деҳаи Қалъачаи бакавул омода гардидааст.

Ҳамзамон, дар назди муассисаҳои таълимии №1 ду синфхона, №38 панҷ синфхона ва ошхона, №55 се синфхона ва №15 чор синфхона низ барои соли нави таҳсил омода карда шудааст.

Дар назди литсейи №1 ва МТМУ №58 бошад толорҳои варзишӣ бунёд гардида, рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор мегиранд.