Оғози мавсими оббозӣ ва фароҳамсозии шароит ба сокинон

Тобистон низ фаро расид ва дар мавсими оббозӣ барои сокинон дар соҳили Сирдарё шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба соҳили чапи дарёи Сир, ки макони асосии оббозӣ аст, омада ба масъулин дастур дод, ки ба истироҳату фароғати шаҳрвандон ва бехатарии онҳо таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда шавад. 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода инчунин бо вазъи бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд шинос гардида, ба роҳбарияти он ҷиҳати кӯмаки фаврии шаҳрвандон ва хусусан нафароне, ки ба шиногоҳ меоянду маҳорати оббозиро надоранд, дастуру супоришҳо дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо таҷҳизоти муосири зудамал таъмин буда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон он харидорӣ карда шудаанд. Дар бахш заврақҳои моторӣ, резинӣ, гидросикли обӣ, киштӣ барои бурдани назорати патрулӣ, автомашинаи махсуси наҷотдиҳӣ, садамавӣ-наҷотдиҳӣ, ғаффосӣ барои бурдани корҳои рӯйи обӣ ва зериобӣ мавҷуд буда, ҳамарӯза 10 нафар кормандони бомаҳорат тибқи нақша фаъолияти навбатдориро ба роҳ мемонанд.

Роҳбари вилоят зимни суҳбат бо мардуми ба маҳалли шиногоҳ омада, иттилоъ дод, ки бо мақсади истироҳату таъмини зиндагии шоиста ба мардум чунин мавзеъҳои истироҳатии мавсимӣ мавриди истифода қарор мегирад. Ҳамчунин барои кӯдакон ҳавзҳои сунъӣ сохта мешаванд. Шиногоҳ бо назардошти меъёрҳо бунёд ва на фақат барои шаҳрвандони Тоҷикистон, балки барои хориҷиён низ пешбинӣ мегардад. 

Зимни шиносоӣ бо шиногоҳ ба Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ доданд, ки дар шиногоҳ майдонҳои истироҳату фароғат, машқу тамрин низ фароҳам оварда шудааст. 

Бояд қайд намуд, ки дар шиногоҳ соябонҳои истироҳатию обутобдиҳӣ, ҳуҷраҳои ивази либос ва дигар эҳтиёҷот муҳайё карда шудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дастур дод, ки барои фароғати шаҳрвандон нуктаҳои савдо бештар карда шуда, ҳамзамон ҷиҳати таъмини инфрасохтори шиногоҳ тадбирҳо андешида шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд