Ба Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мошини ёрии таъҷилӣ супурда шуд

4-уми апрели соли 2022 ба хотири беҳтару хубтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба  Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ як мошини ёрии таъҷилии муосир бо тамоми таҷҳизоти лозимӣ дастрас гардид. 

Ин мошин истеҳсоли давлати Ҷопон буда, дар дохилаш тамоми дастгоҳҳои шӯъбаи эҳёгариро доро буда, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Беморхонаи марказӣ тақдим гардидааст. Тавре дар суҳбат сартабиби беморхонаи марказии ноҳия Солеҳова Меҳринисо гуфт, ин  дастгириҳои Вазорати тандурустӣ барои боз ҳам беҳтар намудани  хизматрасонии  тиббӣ ба сокинони ноҳия пешбинӣ шуда, кори табибонро  хеле осон мегардонад.

-Мо табибони ноҳия хеле хушнудем, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи  тандурустии кишвар, хусусан хизматрасонии тиббӣ  рӯз аз рӯз  беҳтар шуда истодааст. Имрӯз ба беморхонаи мо як мошини ёрии таъҷилӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ аз ҷониби Вазорати тандурустии кишвар тақдим гардид, ки акнун кори табибон ва беморонро бисёр осон мекунад,- иброз дошт сартабиби ноҳия Солеҳова Меҳринисо.

Ёдовар мешавем, ки Беморхонаи марказии ноҳия дорои панҷ шуъба буда, ин шуъбаҳо ба таҷҳизотҳои тиббӣ таъмин мебошанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд