Ифтитоҳи бинои МТМУ№5-и деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ бинои МТМУ№5-и ба номи Наврӯз Восиев баъди навсозӣ ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи иншооти соҳаи маориф намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти мақомоти ижроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ иштирок намуданд.

Тибқииттилои масъулин бинои муассиса соли 1990 сохта шуда, бо гузашти солҳо ба таъмиру навсозӣ ниёз дошт. Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкорони ватандӯст ва сокинони меҳнатқарини деҳаи Дарғ бинои муассиса пурра навсозӣ шуда, дар он шароити муосири донишандӯзӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон сокини ҳамин деҳа Одинабико Восиева маблағи барои ҳаҷ ҷамънамудаашро барои навсозии мактаби деҳа сарф намудааст. Ин иқдом дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид.

Масоҳати умумии қитъаи замини муассиса 1,60 га буда, бинои мактаб аз се ошёна иборат мебошад. 26 синхонаҳои таълимӣ, кабинетҳои фаннӣ, утоқҳои кории омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон ба системаи ягонаи гармидиҳии худӣ пайваст буда, дар фасли тирамоҳу зимистон дохили бинои таълимӣ гарм нигоҳ дошта мешавад.

Бо мақсади ҷалби хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ дар муассиса кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла фанни физика, химия, биология ва иттилоот бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, таълим бо истифода аз технологияи навтарин ба роҳ монда шудааст.

Зимни суҳбат бо хонандагон таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф эътибори аввалиндараҷа медиҳад ва фароҳам овардани шароити муосири илмомӯзӣ имкон дод, ки дастоварди аҳли маориф сол аз сол бештар гардад.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ барои омода намудани хонандагон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла “Фурӯғи субҳидоноӣ китоб аст” шароит фароҳам оврада шуда, омӯзгорон шогирдони худро роҳнамоӣ мекунанд. Соли равон иштироки хонандагони ин муассисаи таълимӣ дар озмуну олимпиадаҳо бештар гардидааст.

Ҳоло дар ин муасисаи таълимӣ наздик 300 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 30 нафар омӯзгорон барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ба камол расидани шогирдони худ заҳмат мекашанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар доиари корҳои таҷдиду навсозии бинои муассиса тамоми синфхонаҳо, долону роҳрав, иншооти ёрирасон ва намои берунии бино пурра аз таъмири хушсифат бароварда шуда, роҳҳои атрофи мактаб мумфарш карда шуд. Ҷомеаи омӯзгорону хонандагон барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ бунёд, таъмиру навсозии беш аз 15 иншооти соҳаи маориф ба нақша гирифта шуда, корҳои созандагӣ бо маром идома дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд