23 майи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат!» таҷлил карда мешавад. Дар ин бора қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.
Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонон ташкилу баргузории хонишҳои сиёсӣ миёни ҷавонон дар мавзуи «Ҷавонон ва рисолати онҳо дар раванди давлатсозӣ», «Ҷавонон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ», рӯзи дарҳои кушод дар қисмҳои низомӣ, озмуни Стипендияи Раиси вилояти Суғд миёни муҳассилини муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ дар шаҳру ноҳияҳо зери унвони «Пайравони Пешвои миллатем!», конфронси вилоятии олимон ва муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони «Президент, ҷавонон ва илми муосир», барномаҳои консертӣ дар шаҳру ноҳияҳо дар мавзуи «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон!», аксияи вилоятии «Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз!», шанбегии вилоятӣ таҳти унвони «Ин Ватанро мо, ҷавонон сабзу хуррам мекунем!», ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ дар мавзуи «Хизмат ба Ватан шараф аст!», аёдати ҷавонони бемор ва имконияташон маҳдуд, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, Дави миллӣ дар назар дошта шудааст.