Имсол ба таъсисёбии яке аз беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар - Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 30 сол пур мешавад.
Муассисаи таълимӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ва бо қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 фаъолияти худро оғоз бахшида, дар тарбияи кадрҳои баландихтисос саҳми шоиста мегузорад. Донишгоҳ дар тўли 30 соли фаъолияташ зиёда аз 18 ҳазор нафар мутахассисони соҳибтахассус ва ҷавобгўй ба талаботи бозори меҳнатро омода намудааст, ки имрӯз хатмкардагони донишгоҳ дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла дар вазорату кумитаҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои молиявӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолияти босамар доранд.
Тибқи иттилои ректори донишгоҳ профессор Муъмин Шарифзода ин муассисаи таълимӣ, соҳиби Аккредитатсияи давлатӣ ва байналмилалӣ аст, дорои ҳафт факултет буда, мутахассисонро аз рӯи 43 ихтисос дар самтҳои ҳуқуқшиносӣ, идоракунӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ, фаъолияти гумрукӣ, андоз, соҳибкорӣ, молия, системаи ахборӣ, информатика, системаҳои автоматикунонидашуда, веб-дизайн ва графикаи компютерӣ омода менамояд.
-Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат баён гардид, ҳайати профессорону устодон ва кормандони донишгоҳ баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, мутобиқ намудани раванди таълим ба меъёрҳои байналмилалӣ, назорати ҷиддӣ ва доимӣ дар самти донишазхудкунии донишҷўён, ҷалби ҷавонон ба китобхониву забономўзӣ, омӯзиш ва ҷорӣ намудани навоварию ихтироот, ташкили таҷрибаҳои инноватсионӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон тадбирҳои заруиро амалӣ менамояд, - иброз дошт Муъмин Шарифзода.
Ба таъкиди ректори донишгоҳ ҳадафи онҳо тарбияи мутахассисони рақобатпазир ба бозори меҳнат буда, шароитҳои фароҳамшуда дар донишгоҳ имкон медиҳад, ки ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ба ин ҳадаф бирасанд. Барои омода намудани мутахассисон 341 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 21 нафар доктори илм, профессор, 150 нафар номзади илм, дотсент, ҷалб гардидаанд ва дар маҷмўъ, аз теъдоди умумии устодон 50,1% дорои дараҷаи илмӣ мебошанд. Боиси зикр аст, ки байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ аввалин шуда ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ (дипломатия), молия ва қарзи донишгоҳ аз Аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби шаҳодатнома гардид, ки ба сифати таҳсилот ва низоми фаъолияти мактаби олӣ таъсири мусбӣ расонида, барои ворид шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Дар донишгоҳ ҳамзамон ба таҳкими заминаҳои моддию техникии раванди таълим ва пажўҳишоти илмӣ таваҷҷўҳи бештар зоҳир гардида, барои пешбурди раванди таълим 1339 адад компютер, 95 адад ноутбук, 212 адад принтер, 160 адад УПС, 12 адад сканер, 193 адад проектор, 61 адад тахтаи электронӣ ва 201 адад камераҳои назоратӣ, 39 адад телевизор, 156 адад тахтаи синфӣ, 2984 адад курсӣ, 1867 адад миз мавриди истифода қарор дорад.
Бо мақсади дар амал тадбиқ намудани донишҳои назариявии донишҷӯён шартномаҳои ҳамкории донишгоҳ бо 151 муассисаҳо аз қабили мақомоти идоракунии давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, корхонаҳои истеҳсолӣ, бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ, ширкатҳои мобилӣ ва дигар субъектҳои хоҷагӣ ба имзо расонида, ҳамасола донишҷӯён таҷрибаомӯзии худро дар муассисаҳои мазкур ба роҳ мемонанд.
Имрӯз донишгоҳ аъзои фаъоли Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай, Донишгоҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Лигаи донишгоҳҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё ба ҳисоб рафта, бо зиёда аз 84 муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар, марказҳои илмӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва барномаҳои грантӣ ҳамкориро дар самти табодули устодони варзида, ҷалби магистрҳо, докторантон ва унвонҷӯён ба таҳсил ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани сифати таҳсилот ба роҳ мондааст.
Теъдоди умумии донишҷўёни донишгоҳ 7207 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 4140 нафар дар шуъбаи рўзона ва 3067 нафар дар шуъбаи фосилавӣ, аз ҷумла 624 нафар донишҷўёни хориҷӣ, 116 нафар дар шуъбаи магистратура ва 7 нафар дар зинаи докторантура таҳсил доранд. Дар донишгоҳ машғулиятҳо дар 60 гурўҳи академӣ бо забони русӣ, 11 гурўҳи академӣ бо забони англисӣ ва 2 гурўҳи академӣ бо забони чинӣ гузаронида мешавад.
Китобхонаи илмии донишгоҳ дорои 53 ҳазору 334 адад адабиёт мебошад. Инчунин донишгоҳ дорои китобхонаи электронӣ мебошад, ки беш аз 130 ҳазор маводи илмиву таълимӣ-методӣ, бадеӣ ва маълумотдиҳанда мебошад.
Дар соли 2022 бо истифода аз имкониятҳои муосири таълим дар донишгоҳ аввалин маротиба табодули лексияҳои устодон бо тариқи онлайн бо устодони донишгоҳҳои олии кишварҳои хориҷа ба роҳ монда шуд. Аз ҷумла, дар ин давра устодони донишгоҳ барои донишҷӯёни донишгоҳҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 9 лексия хонданд ва донишҷӯёни донишгоҳ дар 7 лексияи устодон - иқтисодшиносони Россия иштирок намуданд.
Боиси ифтихор аст, ки сол то сол теъдоди гирандагони стипендияҳои номӣ аз ҳисоби ин муассисаи таҳсилоти олӣ зиёд гардида, айни ҳол теъдоди гирандагони стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 нафар, стипендияи раиси вилояти Суғд-25 нафар, стипендияи раиси шаҳри Хуҷанд-4 нафар, стипендияи раёсати донишгоҳ-78 нафар донишҷўёнро ташкил медиҳад.
Натиҷаи дастгириву шароитҳои муҳайёгардида буд, ки донишҷӯён донишгоҳ ҳамасола дар озмуну олимпидаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Аз ҷумла, давоми соли 2022 донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат» “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд-2022”, «Донишҷў ва пешрафти илмию техникӣ дар соли 2022» ва ғайраҳо соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар олимпиадаҳои байналмилалӣ бошад, донишҷӯён Аминҷон Ахмедов. аз фанни “Графики компютерӣ” сазовори ҷойи якум, Шукрона Дадобоева аз фанни “Информатика”, Озодҷон Каримов аз фанни “Асосҳои назариявии информатикӣ”, Ризвон Имомов аз фанни “Асосҳои алгоритми барномасозӣ”, Гулноза Ҳасанова аз фанни “Информатика”, Юлдуз Самадзода аз фанни “Системаҳои оператсионӣ” сазовори ҷойи 3-юм гардиданд.
Донишгоҳ дорои маҷмааи варзишии замонавӣ иборат аз ду ошёна бо 400 ҷойи нишаст бо фарогирии толор барои бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол, толори варзиши сабук, толор барои бозии шоҳмот ва тенниси рӯи мизӣ муҷаҳҳаз бо лавозимотҳои варзишии муосир мебошад, ки барои боз ҳам беҳтар намудани машқу тамрини донишҷӯён ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд.
Бо истифода аз имкониятҳо донишҷӯён ҳамарӯза машқу тамрин намуда, барои нигаҳдории солимии худ талош мекунанд. Илова бар ин муҳассилини донишгоҳ дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ширкат варзида, Парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ парафшон менамоянд. Дар соли 2022 донишҷӯён Абдумалик Абдуллоев дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба вазнабардорӣ сазовори ҷойи якум, Нодира Шаропова дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба кингбоксинг сазовори ҷойи аввал, Шаҳбоз Ҳаитов дар чемпионати ҷаҳон ва Осиё аз рӯи намуди бокс сазовори ҷойи дуюм, Нигина Ботурова дар мусобиқаи ҷумҳурявӣ аз рӯи намуди варзиши сабук сазовори ҷойи якум, Довуд Махкамов дар мусобиқи байналмилалӣ аз рӯи намуди бокс сазовори ҷойи сеюм, Тоштемир Назаров дар мусобиқи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди Ушу сазовори ҷойи аввал гардиданд.
-Боиси ифтихори ҳар яки мо аст, ки дар раванди корҳои созандагӣ ва таҷлили ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ, санаи 15 ноябри соли 2022 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми шароити зарурии муосир мавриди истифода қарор дода шуд. Дар бинои мазкур барои баргузории машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ, барои донишҷӯёни риштаи молияву бонкдорӣ дарсҳои таҷрибаомўзӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ усулҳои муосири омӯзиши забонҳои англисӣ, хитоӣ, немисӣ ва арабӣ, барои гузаронидани корҳои амалӣ бо истифода аз воситаи дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳа лабораторияи криминалистӣ, сабти барномаҳои донишгоҳӣ фароҳам оварда шудааст, - илова намуд Муъмин Шарифзода ва афзуд, ки ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ сохтмони як қатор иншооти дигарро низ ба нақша гирифтааст ва иншооти нав ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.