Дар маҳаллаи “Раззоқ”-и шаҳри Хуҷанд комплекси варзишии «Раззоқ»-и ба номи Бобоҷон Каримов мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки комплекси варзишии навбунёд дар соҳили дарёи Сир бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Маъруф Каримов дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи меъёрҳои муосири сохтмонӣ сохта шуда, майдони умумии масоҳати он 1744 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Дар комплекси варзишии навбунёд майдони футбол, майдонча барои бозии баскетбол ва ҳамзамон дастгоҳҳои истироҳатию фароғатӣ, солимгардонӣ, тавонбахшӣ насб карда шудаанд.
Зимни ифтитоҳи иншооти варзишӣ таъкид шуд, ки ин ҳама ободкориҳо бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯйи кор омадааст.