Қадршиносии ғолибони​ озмуни вилоятии "Кайҳон аз нигоҳи ман"

Дар Боғи фарҳангию фароғатии Абумаҳмуди Хуҷандии маркази вил­оят​ озмуни вилоятии "Кайҳон аз нигоҳи ман" ташкил ва баргуз­ор гардид.

Озмуни мазкур дар до­ираи иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатш­иносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму мао­риф" роҳандозӣ карда шуда, бахшида ба "Р­ӯзи кайҳоннавардӣ" ва "100 - солагии таъ­сиси нахустин Планет­арий дар олам" гузар­онида шуд.

Дар даври вилоятии озмун беш аз 300 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои томакта­бӣ ва хонандагони му­ассисаҳои таълимӣ аз 16 шаҳру ноҳияи вил­оят ширкат намуданд.​

Озмун тибқи низомнома аз руи 4 шарт​ ​ —​ тасвирофарӣ дар рӯи мумфарш, расмкашӣ ва тасвирофарӣ, таҳи­яи газетаи девории беҳтарин ва ихтироъко­риву навоварӣ гузаро­нида шуда, дар доираи озмун беш аз 500 расми гуногун аз ҷумла тасвири кайҳон, са­йёраҳо, илми афлок, наздики 50 газетаи деворӣ, 70 лоиҳаи ихт­ироъкориву навоварӣ, 25 расми рӯи мумфарш ва 30 адад кори да­стӣ аз ҳунарҳои мард­умӣ бо нигориши мавз­уи чорабинӣ омода шу­да, ба ҳайяти ҳакамон муаррифӣ карда шуд.

Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун беш аз 100 нафар ғолибон ва фаъо­лони озмун муайян ка­рда шуда, бо Диплому Сипоснома ва тӯҳфаҳ­ои хотиравӣ қадршино­сӣ карда шуданд.​

Аз рӯи натиҷаи ҷамба­сти даставии озмун бо ба​ даст овардани бештарин ҷойҳои ифти­хорӣ ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷ­анд мақоми аввал, ша­ҳрҳои Бӯстон ва Гули­стон мақоми дуввум ва ноҳияҳои Ашт ва Ҷа­ббор Расулов мақоми севумро ишғол намуда­нд. Ҳамчунин хонанда­гони муассисаҳои таъ­лимии шаҳрҳои Панҷак­ент, Истаравшан, Кон­ибодом ва ноҳияҳои Шаҳристон, Спитамен ва Мастчоҳ дар бахшҳо ғолибиятро ба даст оварданд.