Шиносоӣ бо сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Истаравшан

10 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан бо рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ шинос гардид.

Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан корҳои бунёдкорӣ вусъат мегирад. 

Дар ҳамаи соҳаҳо иншооти нав бунёд ва мавридли истифода қарор мегирад, ки ин барои рушди соҳа, беҳтар шудани сатҳу сифтаи хизматраоснӣ ва шароити зиндагии мардум муосидат мекунад. Ба хусус, бунёди иншооти нав дар соҳаи соҳаи тандурустӣ бо саҳми соҳибкорон аз рушди бонизоми бахши хусусӣ ва истифодаи роҳу усулҳои нави табобат гувоҳӣ медиҳад. 

Раиси вилоят дар шаҳри Истаравшан бо сохтмони маркази нави ташхису табобатӣ шинос гардида, барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо дастуру супоришҳо дод.

Идомаи мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ дар Шаҳристон

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон корҳои ободониву созандагӣ вусъат меёбад. 

Сокинони сарбаланди ноҳия бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳлона меҳнат намуда, дар ободонии маҳал саҳм гузошта истодаанд. 

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон ва саҳмгузории сокинони бо нангу номуси деҳаи Навкенти Ҷамоати деҳоти Бунҷикат 3 км роҳи марказии деҳаи Навкент мумфарш ва кӯчаҳои деҳа чароғон карда шуд.

Чунин бунёдкориҳо дар тамоми деҳаҳои ноҳия идома дошта, аҳолӣ бо дастгирии мақомоти давлатӣ беш аз пеш дар корҳои ободонӣ саҳм мегузорад.

Дар Панҷакент маҳали нави аҳолинишин бунёд мегардад

Дар маҳали нави аҳолинишин, ки дар наздикии деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Воруи шаҳри Панҷакент воқеъ аст, бо иштироки масъулин ва намояндагони шарикони рушд маросими гузоштани санги асос баргузор гардид.

Лоиҳаи бунёди деҳаи нав дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва сармоягузории ташкилоти байналмилалии хайриявии "Шарҷа" аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон” амалӣ мегардад.

Дар марҳалаи аввал, дар замине, ки бо қарори Ҳукумати мамлакат ва мақомоти маҳаллӣ барои оилаҳои эҳтиёҷманд ҷудо гардидааст, барои 25 хонаводаи ниёзманди Ҷамоати деҳоти Вору манзилҳои истиқоматии иборат аз се ҳуҷра ва утоқҳои ёрирасон сохта хоҳанд шуд. Ҳамзамон, хати барқ ва оби нӯшокӣ гузаронида, бунёди бинои муассисаи таълимӣ ва нуқтаи тиббӣ низ дар назар аст.