Истаравшан. Дар талу теппаҳо 31 гектар боғи нав бунёд карда мешавад

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати самаранок истифода бурдани замин ва бунёд кардани боғу токзорҳои нав дар талу теппаҳои бекорхобидаи деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан дар майдони 31 гектар ба бунёди боғи анъанавии себ асос гузошта шуда, аввалин ниҳолҳои себи навъи маҳаллӣ шинонида шуд.

Дар маросими ниҳолшинонӣ дар боғи навбунёд раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода иштирок намуда, ба саҳмдорони хоҷагӣ ва сокинони деҳоти Нофароҷ барои ташаббусашон изҳори миннатдорӣ баён кард ва барои минбаъд низ нигоҳубин кардани боғ ва самаранок истифода кардани замин бо ҳозирин суҳбати самимӣ доир намуд.

Панҷакент. Кишоварзон нақша доранд, ки дар 3500 гектар картошка кишт намоянд

Соли равон кишоварзони Панҷакент тасмим доранд, ки дар 3500 гектар кишти картошкаро ба роҳ монанд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ бо гарм шудани фасли баҳор дар деҳоти Панҷакент кишти баҳорӣ оғоз ёфта, деҳқонон зироати гуногун кишт намуда истодаанд. Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Саразм хоҷагидорон кишти картошкаро оғоз намуданд.

Беш аз 1 миллион бех ниҳолҳои гуногун ба намоиш-фурӯш гузошта шуд

26 феврали соли равон дар ​ назди Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ярмарка-фурӯши ниҳол, кӯчату тухмии гулу зироатҳо баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар ярмаркаи мазкур таъкид кард, ки ярмарка-фурӯши ниҳол, кӯчату тухмии гулу зироатҳо дар асоси амри Раиси вилоят гузаронида шуда, ҳадафи аз ташкили он муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркуниву ободонӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолии вилоят мебошад.