Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ дар хоҷагии деҳқонии «Ҳакимзода-2020» бо рафти ҷамъоварии зироати полезӣ шинос гардид.
Ноҳияи Мастчоҳ аз минтақаҳои рушдкардаи соҳаи кишовразӣ ба шумор меравад. Деҳқонону кишоварзонаш дар самти парвариши полезиҳо соҳибтаҷриба дониста мешаванд. Зеро ин минтақа яке аз таъминкунандагони асоии бозори истеъмолӣ бо тарбузу харбуза ба шумор меравад. Дар хоҷагии деҳқонии "Ҳакимзода-2020" Раиси вилоят бо раванди ҷамъоварии полезиҳо шинос шуд. Иттилоъ доданд, ки хоҷагӣ дорои 10 гектар замин буда, дар майдони 7 гектар полезиҳо кишт шудааст. Деҳқонон дар суҳбат бо роҳбари вилоят иброз доштанд, ки соли равон бо беҳтар шудани таъминоти оби полезӣ ҳосили фаровон рӯёнидаанд. Гуфта шуд, ки ҳоло ҷамъоварии тарбуз идома дорад ва ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои мамлакат маҳсули заҳмати хоҷагидорон ба фурӯш бароварда мешавад.