То имрӯз дар ноҳияи Ҷаббор Расулов беш аз 13 тонна пилла истеҳсол шуд

Азназаргузаронӣ: 876

Кирмакпарварони ноҳияи Ҷаббор Расулов соли равон азм доранд, аз 1200 қуттӣ (порсол 1000 қуттӣ) ‐ и кирмак 34 тонна пиллаи хушсифат ба даст оранд. Ин миқдор қуттиро ба 810 оилаи кирмакпарвар аз 5 ҷамоати деҳоти ноҳия тақсим карданд.

‐Байни ҷамоатҳои деҳот аз ҳама зиёд сокинони Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз 480 қуттӣ кирмакро барои парвариш гирифтанд, ‐ гуфт зимни суҳбат сардори идораи пиллаи ноҳия Ҳамидулло Шамсиев, ‐ ният дорем, аз ҳар қуттӣ 30 ‐ килограмм пилла ба даст орем.

Дар ноҳия пиллачинӣ вусъати тоза гирифтааст. Бино ба гуфти масъулини соҳаи ноҳия, ба нуқтаи қабул ҳамарӯза аз 1 то 1 тоннаю 200 килограмм ашёи пурқиммати саноатӣ супорида мешавад.

То имрӯз ҷамъи ҳосили пилла беш аз 13 тоннаро ташкил медиҳад. Байни кирмакпарварони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия аввалин шуда, нақшаи пилласупориро сокинони Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав иҷро карданд. Ба хирмани пиллаи ноҳия 4 тонна пиллаи хушсифати кирмакпарварони ин ҷамоат рехта шудааст.

Масъалаи пардохти музди меҳнати кирмакпарварон имсол хуб ба роҳ монда шудааст. Масъулин мегӯянд, ки ба ҳар кило пилла 15 сомонӣ дар сари тарозу ба таври нақд пардохт карда мешавад. То имрӯз кирмакпарварони ноҳия наздик 200 ҳазор сомонӣ музди меҳнат гирифтаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд