
Дар нуҳ моҳи соли 2025 кишоварзони вилояти Суғд ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд, ки дар натиҷа, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 18 миллиарду 834 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд ва суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 110,0 фоиз таъмин гардид.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорводорӣ дар ин давра 5 миллиарду 322 миллион 900 ҳазор сомонӣ ва растанипарварӣ 1 миллиарду 351 миллион 140 ҳазор сомониро ташкил намуда, суръати афзоиш мутаносибан 119,5 ва 106,7 фоизро дар бар гирифт.
Дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо бо ҷуворимаккаи дон 319 ҳазору 103,9 тонна, аз ҷумла гандум 154 ҳазору 769,9 тоннаро ташкил намудааст. Инчунин, истеҳсоли сабзавот 564 ҳазору 425,1 тонна, аз ҷумла пиёз 193 ҳазору 956,4 тонна, картошка 486 ҳазору 928,9 тонна, полезӣ 152 ҳазору 891,6 тонна, мевагиҳо 236 ҳазору 744,1 тонна, аз ҷумла зардолу 172 ҳазору 823,4 тонна, ангур 59 ҳазору 926,2 тонна ва зироатҳои хӯроки чорво 362 ҳазору 333,2 воҳиди хӯрока ба ҳисоб гирифта шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 суръати афзоиши истеҳсоли сабзавот 100,5 фоиз, аз ҷумла пиёз 100,9 фоиз, картошка 106,5 фоиз, мевагиҳо 116,2 фоиз, аз ҷумла зардолу 121,1 фоиз, ангур 106,0 фоиз ва зироатҳои хӯроки чорво 107,2 фоизро ташкил намудааст.
Истеҳсоли гўшти чорвою паранда бо вазни зинда 61 ҳазору 150,9 тонна, аз ҷумла гӯшти паранда 15 ҳазору 448,6 тонна, моҳӣ 631,6 тонна, шир 231 ҳазору 25,5 тонна, тухм 696,5 миллион дона, асал 1 044,6 тонна ва пашм 1 630,2 тоннаро ташкил намуда, суръати афзоиши гӯшти чорвою паранда 113,3 фоиз, аз ҷумла гӯшти паранда 112,1 фоиз, моҳӣ 106,0 фоиз, шир 105,1 фоиз, тухм 124,8 фоиз ва пашм 102,2 фоиз таъмин шудааст.




