Шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии пахта дар Конибодом

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом бо рафти ҷамъоварии пахта шинос гардид.

Дар Конибодом низ чун дар дигар навоҳии пахтакори вилоят ҷамъоварии пахта идома дошта, саҳмдорону ҳашарчиён барои иҷрои нақша истеҳсоли пахта талош намуда истодаанд. 

Зимни суҳбати роҳбари вилоят бо масъулини соҳа, роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ ва мутасаддиён таъкид шуд, ки бо мақсади сари вақт иҷро намудани нақшаи истеҳсоли пахта ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ин дурри гаронбаҳо аз имконоти мавҷуда бояд мақсаднок истифода бурда шавад. 

Тибқи иттилои масъулин то имрӯз беш аз 4414 тонна пахта чида шудааст, ки ба 35,2 фоизи нақша баробар аст. Заркорони шаҳр ният доранд, ки соли равон 12529 тонна "тиллои сафед" ҷамъоварӣ намоянд. 

Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода дар хоҷагии деҳқонии “Зафар” ва Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи ба номи Энаҷон Бойматова бо рафти ғунучини пахта ошно гардида, чинакчиёни пешқадамро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд. Мушоҳида гардид, ки дар рӯзи истироҳатӣ сокинони касбу кори гуногун ба ҳашар баромада, ба пахтачинӣ машғуланд. 

Дар Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи ба номи Энаҷон Бойматова Раиси вилоят бо мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, фаъолон ва шахсони масъул суҳбат намуда, аз рушди соҳаи кишоварзӣ, тадбирҳои андешидашуда дар соҳаи пахтакорӣ ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки соли равон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пахтакорӣ таҷрибаҳои пешрафта истифода шуд ва ҳамин аст, ки ҳосили пахта фаровон ба назар мерасад.

Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини соҳаи кишоварзӣ дастур дод, ки барои иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта аз тамоми имкониятҳо истифода баранд. 

Сипас, роҳбари вилоят бо фаъолияти корхонаи коркарди пахтаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пахтаи Ориён” шинос шуд. Маълумот дода шуд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиби қабулу коркарди пахта, таъмини бехатарӣ аз сӯхтор ва фаъолияти кормандон тадбирҳои мушаххас андешида шудааст. Ҳамаи кӯшишҳо ба он равона шудааст, ки ҳосили пахта ҳар чӣ бештар қабул ва коркард карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд