Ифтитоҳи Хоҷагии ёрирасони намунавии “Ҳифзи табиат” дар шаҳри Панҷакент

14 апрели соли 2022 дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар шаҳри Панҷакент ба фаъолияти хоҷагии ёрирасони намунавии (ниҳолпарварӣ) “Ҳифзи табиат” оғоз бахшида шуд.

Муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ Сановбар, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғаффор ва дигар шахсони масъул аз хоҷагии ёрирасони намунавии (ниҳолпарварӣ) “Ҳифзи табиат” дар шаҳри Панҷакент боздид карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бунёди хоҷагии ёрирасони намунавии “Ҳифзи табиат” дар назди шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент моҳи январи соли 2022 оғоз гардид. Инчунин, барои кабудизоркунӣ 24 намуди дарахтон, ки миқдори онҳо 63000 ададро шинонида шудаанд.

Масоҳати умумии замини хоҷагӣ 7 гектар буда, бинои якошёна барои фароҳам овардани шароити кории кормандон, дигар корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар сатҳи зарурӣ иҷро гаштаанд.

Ташкили чунин як коргоҳ имкон дод, ки, 15 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гарданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд