Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз Боғи миллии "Ваҳдат"

9 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз сардхонаҳои Боғи миллии «Ваҳдат» боздид кард.

Боғи миллии «Ваҳдат» дорои ду сардхонаи замонавӣ аст, ки ғунҷоиши онҳо беш аз 1500 тонна маҳсулоти кишоварзиро ташкил медиҳад. Дар ин сардхонахо 130 тонн себ, 6 тонна биҳӣ ва 16 тонна картошка захира карда шудааст, ки давра ба давра барои фурӯш ба бозорҳои вилояту ҷумҳурӣ бароварда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки сардхонаҳои Боғи миллии «Ваҳдат» солҳои 2018 ва 2022 аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шудааст. Мавҷудияти сардхонаҳо имкон медиҳад, ки маҳсулоти дар боғ истеҳсолшуда бо сифати хуб нигоҳ дошта шуда, дар фасли сармо пешкаши шаҳрвандон гардонда шавад.

Боғи миллии “Ваҳдат” соли 2008 таъсис ёфта, дорои 527 гектар замини боғу токзор мебошад, ки дар онҳо асосан дарахтони меваҳои содиротӣ парвариш карда мешавад.

Раиси вилоят бо вазъи парвариши ниҳолҳои ороишиву мевадиҳанда дар шаҳри Гулистон низ шинос гардида, барои истифодаи самараноки замин тавсияҳо дод.

Ҳамзамон ба масъулини бахши ҳифзи муҳити зист, хоҷагии манзиливу коммуналӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ҷиҳати доимо сабзу хуррам нигоҳ доштани шафати роҳҳои асосиву маҳаллӣ ва ба тартиб даровардани дарахтони ороишиву сояафкан супоришҳо дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд