Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз гармхонаи "ММК Агро"

9 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти гармхонаи замонавии ҶДММ «ММК Агро» шинос гардида, ба масъулин ҷиҳати таъмини шаҳрвандон бо маҳсулоти хушсифату арзон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Бояд тазаккур дод, ки гармхонаи инноватсионӣ тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, дар он бо усули гидропоникӣ ва органикӣ парвариши помидор ба роҳ монда шудааст. Гармхонаи мазкур дар масохати 5 гектар бунёд ёфта, аз муосиртарин насли гармхонаҳо ба шумор меравад.

Айни замон дар гармхона парвариш ва истеҳсоли помидор бо усули гидропоникӣ ва органикӣ ба роҳ монда шуда, барои гирифтани ҳосили дилхоҳ маводи ғизоӣ тариқи обёрии қатрагӣ ба растанӣ дода мешавад. Ҳарорати гармхонаи гидропоникӣ тариқи системаи буғӣ ва ба таври автоматӣ дар ҳама мавсими сол нигоҳ дошта мешавад ва барои иҷрои ин амалҳо ду деги калонҳаҷм низ насб гардидааст.

Қисмати органикӣ, яъне ба таври маъмулӣ парвариш кардани тухмиҳо, аз ду як ҳиссаи гармхонаи мазкурро ташкил медиҳад. Дар инҷо низ ҳама амалиёти парвариш ва нигоҳубини растанӣ тариқи автоматӣ ба роҳ монда шуда, муътадилии ҳарорати он бо усули радиаторӣ нигоҳ дошта мешавад.

Раиси вилоят зимни боздид ба масъулин ҷиҳати фаъолияти бонизоми тамоми гармхонаҳои ҳудуди вилоят ва зиёд намудани шумораи чунин гармхонаҳо супоришҳо дод.

Қайд карда шуд, ки саҳми мутахассисони гармхонаи мазкур дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ басо назаррас буда, марҳила ба марҳила помидор ҷамъоварӣ ва ба мизоҷон пешниҳод карда мешавад.

Бино ба маълумоти мутахассисон аз ҳар як ниҳоли помидор то 3-4 килограм ҳосил гирифта мешавад ва дар ҳар гектари гармхона аз 150 то 180 тонна помидор истеҳсол мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Суғд зиёда аз 500 адад гармхона фаъолият дошта, дар онҳо помидор, бодаринг, кабудиҳо, қаламфур, лимо ва гулҳои мавсимӣ парвариш меёбад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд