Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ «Кони ганҷ»

17 сентябри соли 2024 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Зафаробод аз корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ «Кони ганҷ» боздид намуд.

Корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ «Кони ганҷ» дар деҳоти Ҷомии ноҳия ҷойгир буда, дар масоҳати 2,9 гектар аз ҷониби соҳибкор Абдусамад Нормаматов сохта шудааст. Корхона дар як сол то 10 ҳазор тонна пахтаро коркард менамояд ва дар он 30 нафар бо кор таъмин мебошанд. 

Чуноне иттилоъ дода шуд, айни замон қабули пахта дар корхона оғоз ёфта, кишоварзони шаҳраки Меҳнатободу деҳоти Ҷомӣ метавонанд пахтаи худро барои коркард супоранд.

Раиси вилоят зимни боздид барои қабули саривақтӣ ва коркарди пахта, ки ашёи муҳими санотӣ мебошад, ба роҳбарияти ноҳия ва корхонаи мазкур супоришҳо дод.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз пойгоҳи обкашии "Мирзочӯл-1" боздид карда, барои таъмини кишоварзон бо оби полезӣ дар вақти кишти тирамоҳӣ ба масъулин дастурҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд