Боздиди Раиси вилоят аз боғи суперинтенсивии себ дар ноҳияи Спитамен

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо рафти ҷамъоварии себ дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод» шинос гардид.

Хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод» дорои 5 гектар боғи суперинтенсивии себ буда, дар он ду намуди себ — «пинк леди» ва «голден делишес» парвариш карда мешавад. 

Бо мақсади ҳифзи ниҳоли дарахтон аз жола ва дигар офатҳои табиӣ болои дарахтон бо тури махсус пӯшонида шудааст.

Бартарии дигари ин боғ дар он аст, ки системаи обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шуда, бо ин васила сарфаи барзиёди об пешгирӣ, хароҷоти қувваи корӣ ва нуриҳои минералӣ коҳиш меёбад.

Бунёди боғи суперинтенсивӣ нисбат ба дигар намуди боғҳо афзалият дошта, барои рушди бештари соҳаи боғдорӣ дар мамлакат, афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва содиротӣ нақши муҳим дорад. Ниҳолҳо дар соли сеюм ба ҳосил даромадааст ва боғдорон ҳосили фаровон ба даст меоранд. 

Раиси вилоят барои ҷамъоварии ҳосили себ, таъмини бозори дохилӣ ба ин навъи мева ва содироти маҳсулот тавсияҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд