Ҷамъияти саҳҳоми кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумаев дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз аввалинҳо шуда ба ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз намуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози чиниши пахта иштирок карда, зимни суҳбат бо хоҷагидорону масъулини соҳа иброз дошт, ки ҳосили пахта бояд беталаф ҷамъоварӣ карда шавад. Дар шаҳру ноҳияҳои пахтакор чун солҳои қаблӣ ситод ташкил ва барои ғунучини тилли сафед тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Соли равон хоҷагидорони Ҷамъияти саҳҳоми кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумаев дар майдони 1750 гектар пахта кишт намуда, ҳосили фаровонро интизоранд.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта пахтакорони Ҷамъияти саҳҳоми кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумаев аз уҳдаи иҷрои нақшаи пахатсупорӣ сарбаландона баромада буданд. Ҳама кӯшишҳо ба он равона шудааст, ки имсол низ нақша барзиёд таъмин ва дар зиёд шудани хирман саҳм гузошта шавад.
Пахта, ки яке аз ашёи пурқимати саноатӣ ба шумор меравад, барои фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунадаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда аҳамияти муҳим дорад. Ҳамин аст, ки барои зиёд намудани майдони кишт, баланд бардоштани ҳосилнокии пахта аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таваҷҷуҳи хоса равона шудааст.
Бояд таъкид кард, ки соли равон дар вилоят 52 ҳазору 360 гектар пахта кишт гардида, кишоварзон ният доранд, ки 134530 тонна “тиллои сафед” истеҳсол намоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд