Дар нимсолаи якуми соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд ба маблағи 5 млрд. 343,1 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 113,1 фоиз таъмин гардид.
Соли ҷорӣ тибқи структураи кишти тасдиқгардида дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 282 574,7 гектар замин кишти зироатҳо гузаронида шудааст. Аз ҷумла, масоҳати кишти ғалладонагиҳо бе ҷуворимаккаи дон 119163,0 гектар, аз ҷумла гандум 54108,6 гектар, ҷав 48248,1 гектар, шолӣ 9593,7 гектар, лӯбиёгиҳо 4730,8 гектар ва ҷуворимаккаи дон 6684,1 гектар, картошка 28880,6 гектар, сабзавот 18525,3 гектар, аз ҷумла пиёз 4834,1 гектар, полезиҳо 5565,7 гектар ва зироатҳои хўроки чорво 45907,1 гектарро ташкил медиҳад.
Дар ин давра дар вилоят истеҳсоли сабзавот 95117,3 тонна, аз ҷумла пиёз 37415,0 тонна, картошка 55559 тонна, полезӣ 17496,7 тонна, мевагиҳо 110963,6 тонна, аз ҷумла зардолу 103947,8 тонна, зироатҳои хӯроки чорво 81750,8 тонна, гўшти чорвою паранда бо вазни зинда 32353,9 тонна, аз ҷумла гӯшти паранда 8401,7 тонна, моҳӣ 441,8 тонна, шир 149750,6 тонна, тухм 339,6 млн. дона, асал 202,3 тонна ва пашм 1401,2 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 суръати афзоиши истеҳсоли сабзавот 107,6 фоиз, аз ҷумла пиёз 107,5 фоиз, картошка 128,2 фоиз, полезӣ 100,6 фоиз, мевагиҳо 122,1 фоиз, аз ҷумла зардолу 118,7фоиз, хӯроки чорво 106,4 фоиз, гӯшти чорвою паранда 111,3 фоиз, моҳӣ 102,5 фоиз, шир 105,8 фоиз, асал 105,2 фоиз ва пашм 103,1 фоиз таъмин шудааст.