Боздиди Раиси вилоят аз Боғи миллии "Ваҳдат"

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки замин дар Муассисаи давлатии Боғи миллии «Ваҳдат» тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, ҳар қитъа замин самаранок истифода бурда мешавад.

Зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз​ Боғи миллии «Ваҳдат» мушоҳида гардид, ки барои истифодаи самараноки замин, рӯёнидани ҳосили фаровон, истифодаи роҳу воситаҳои нави боғу токпарварӣ ва ноил гардидан ба дастовардҳои бештар чораҷӯӣ карда мешавад.​ Дар Боғи миллии «Ваҳдат» майдони боғҳои анъанавии ҳосилдеҳ қариб 354 гектар буда, дар он дарахтони зардолу, шафтолу, олу, гелос, себ, бодому чормағз ва анор парвариш карда мешавад.​

Ба Раиси вилоят​ маълумот доданд, ки барои самаранокӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ дар токзори муассиса корҳои пайвандкунӣ бо истифода аз навъҳои серҳосил ҷараён дорад. Мутахассисон бар он назаранд, ки истифодаи ин усул метавонад манфитаи бештар бахшад. Яъне бо​ роҳи пайвандкунӣ 7 гектар токи амудӣ ба токи ҳавозавӣ табдил дода мешавад. ​

Боғи миллии «Ваҳдат»​ соли 2008 таъсис ёфта, тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат​ бунёди боғҳои интенсивӣ, ки мевааш асосан ба содирот нигаронида шудааст, вусъат гирфита, то имрӯз дар майдони қариб 21 гектар боғи типи нав бунёд гардидааст. Ҳамчунин давоми солҳои охир бо истифода аз таҷрибаи токпарварони шаҳри Турсунзода ва усулҳои пешрафта майдони ток бештар гардида, бино ба таъкиди​ мутахассисон бо ин роҳ сифати ҳосил хуб, иҷрои корхои агротехникӣ осоон ва истфодаи самаранокии замин таъмин мегардад.​

Дар заминҳои байни қатори ниҳолҳо кишту парвариши картошка, сабзӣ, пиёз ба роҳ монда шуда, замин пурсамар истифода мегардад.

Аснои шиносоии Раиси вилоят бо​ ғуну чини ҳосили гелос иттилоъ дода шуд, ки барои нигоҳдории меваҷот ду сардхона фаъолият дошта, маҳсулот ба бозорҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда хоҳад шуд.

Раиси вилоят бори дигар зарурати истифодаи самаранок аз обу заминро ёдовар шуда, таъкид кард, ки ҳарчи бештар намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ барои таъмини фаровонии маводи ғизоӣ мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд