Кишоварзони вилояти Суғд соли 2022-ро бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд.
Дар соли 2022 ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 15 млрд. 618 млн. сомонӣ расонида шуд, ки ба 112 фоизи нишондиҳандаи соли қаблӣ баробар мебошад. Дар соҳаҳои растанипарварӣ ба маблағи 11 млрд. 120 млн. сомонӣ, чорводорӣ ба маблағи 4 млрд. 498 млн. сомонӣ ва моҳипарварӣ ба маблағи 19,3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 111,4 , 113,5 ва 100,7 фоиз таъмин гардидааст.