Соҳибкорони Истаравшан ба сокинони зарардидаи наздисарҳадӣ кӯмак ирсол намуданд

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор соҳибкорони шаҳри Истаравшан, ки ба савдои меваи хушк машғул ҳастанд ва бо соҳибкорони шаҳри Исфара ҳамкорӣ доранд, имрӯз барои 80 оилаи аз ҳодисаҳои охири сарҳадӣ зарардида, аз ҷумла барои 16 оила аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 64 оила аз шаҳри Исфара маҳсулоти хӯрока ирсол карданд.

Кӯмак аз орд, равған, картошка, пиёз, сабзӣ, макарон, шакар, қанди сафед ва тухм иборат мебошад.

Иқдоми амалинамудаи соҳибкорони шаҳри Истаравшан шоистаи таҳсин буда, минбаъд чунин ташаббус аз ҷониби дигар шахсони саховатманду хайрхоҳи шаҳри Истаравшан низ идома дода мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд