Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар зодгоҳи устоди шоирон

Имрӯз садҳо нафар аз ҳаводорони шеъри устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар зодгоҳи шоир ҷамъ омада, бар пояи муҷассамаи соҳибқирони шоирон гулҳои тару тоза гузоштанд.

Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар зодгоҳи устод, деҳаи Панҷруд бо зиёрати оромгоҳи поягузори назми тоҷикӣ- форсӣ ва ҳамоиши адабӣ дар канори рӯди Уреч  сурат гирифт.

Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар паёми табрикиаш аз  ҷойгоҳи  устод Рӯдакӣ дар олами шеъри  тоҷику форс, арҷгузории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс сухан карда, сокинонро бо Рӯзи Рӯдакӣ шодбош гуфт.

Дар ҳамоиш ҳамзамон аҳли зиё ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз шеърҳои устод Рӯдакӣ қироат намуда, аз нақши шоири бузург дар рушди минбаъдаи адабиёт ёдоварӣ карданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд