Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ якчанд собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.
Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла собиқадори хизмати давлатӣ Баҳриддин Ахмедов, Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод ва собиқадори соҳаи маориф Раҳимҷон Каримовро аёдат карда, фарорасии иди Ваҳдати миллиро барояшон табрик гуфт.
Қайд карда шуд, ки бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сулҳу ваҳдат барқарор гардида, дар таърихи навини кишварамон марҳалаи нави созандагию бунёдкорӣ оғоз ёфта, Ватани азизамон аз вартаи ҳалокату парокандагӣ наҷот ёфт. Барқарор шудани сулҳу субот имконият фароҳам овард, ки татбиқи барномаҳои муҳимтарини иқтисодию иҷтимоӣ бо ҳадафи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти озуқаворӣ ва гузаронидани маъракаҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ амалӣ гардад.
Гуфта шуд, ки хизматҳои собиқадорони меҳнат дар пешрафти ҷомеа назаррас буда, меҳнати фидокоронаи пирони рӯзгор буд, ки рушди соҳаҳо таъмин ва сатҳи зиндагии мардум дар як муддати кӯтоҳ беҳтар карда шуд.
Собиқадорони меҳнат низ аз хизматҳои мондагори Сарвари давлат дар рушду нумуъи Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдовар гардида, барои дастгириҳои доимӣ ва таваҷҷуҳ ба Ҳукумати мамлакат миннатдории худро баён карданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




