Ҳар сол чун анъана 1 июн Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон ба хабаргирии чанде аз кӯдакони бемор рафт.
Дар партави сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари вилоят Муҳаммад Солеҳов ва Нозимҷон Исмоиловро аёдат карда, ба онҳо туҳфаҳои идона супорид. Наврасон бо ҳукми тақдир бемор буда, аз кӯмакҳои иҷтимоии давлатӣ бархурдор мебошанд. Илова бар ин, аз ҷониби масъулин дар арафаи идҳои милливу мардумӣ хурдсолон ба чунин кӯдакони имконияташон маҳдуд мунтазам ёрӣ расонида мешавад.
Раиси вилояти Суғд зимни дидор изҳор дошт, ки минбаъд ҳам ба чунин кӯдакон ғамхорӣ зоҳир гардида, барои таълиму тарбия ва барқарор намудани саломатии онҳо тадбирҳои муҳим андешида хоҳад шуд.
Волидони наврасон аз ташрифи роҳбари вилоят изҳори хушнудӣ намуда, барои ғамхориҳои доимӣ ба Сарвари давлат миннатдории худро баён доштанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




