Аёдати кӯдакони бемор дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд кӯдакони бемор Шукрулло Амирбекзода ва Мирҳабиб Мирмуҳаммедовро аёдат карда, онҳоро ба муносибати Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон табрик намуд.

Раиси вилоят зимни аёдат иброз дошт, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳамаи мулоқоту суҳбатҳояшон аҳли ҷомеаро ба анҷом додани амалҳои хайр ва ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кўдакону наврасони ятиму бепарастор ва бемор  даъват намуда, дар таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо пайваста иқдомоти хайрхоҳона зоҳир менамоянд.

Таъкид карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  кӯдакони ятиму бепарастор ва беморро пайваста мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, ҳамасола кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ва ятиму бепарасторро ба истироҳатгоҳҳо ҷалб менамояд. Ба беморону барҷомондагон низ мунтзам кӯмак расонида шуда, дар арафаву рӯзҳои ид хотири онҳо шод гардонда мешавад.

Шукрулло Амирбекзода ва Мирҳабиб Мирмуҳаммедов ҳарду ҳамчун маъюб ба қайд гирифта шуда, аз кӯмакҳои иҷтимоии давлат бархурдоранд.

Раиси вилоят ба наврасон туҳфаҳои худро супорида, ба онҳо саломативу хушиҳои рӯзгорро орзу кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд