Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷўёну магистрантон ва аспирантон

23 майи соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят​ маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят барои соли хониши 2021-2022 баргузор шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар вазъияти тантанавӣ ба​ 130 нафар донишҷўёну магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят​ стипендияи Раиси вилоятро супорида, муҳассилинро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуд.

Қайд карда шуд, ки​ татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон имрўз яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, ба фаъолияти ҷавонон, бахусус донишҷўёну магистрантон ва аспирантон эътибори бештар зоҳир гардида истодааст. Ҷавонони кишвар, аз ҷумла, ҷавонони вилояти Суғд низ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи ҷомеа ва пешбурду татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нақши муҳим доранд.​

Алҳол дар вилоят 7 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият доранд, ки дар ин муассисаҳо аз рўи 130 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад.​ Дар соли хониши 2021-2022 шумораи умумии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят, дар маҷмўъ беш аз 69 ҳазору 936 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар ҳудуди вилоят​ 943 нафар магистранту аспирантон ба таҳсилу таҳқиқ машғуланд. ​ Аз 367 нафар довталабон 130 нафар донишҷўёну магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят ба гирифтани стипендияи Раиси вилоят аз ҷониби комиссия интихоб ва пешбарӣ шуданд. -Дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба ҳар яки Шумо, ҷавонони азиз саломатию сарбаландӣ, дар ҷодаи илму маърифат комёбиҳо ва барои расидан ба ҳадафҳои нек дастовардҳои нав ба навро таманно менамоям,-иброз дошт дар охир роҳбари вилоят.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд