Ноҳияи Спитамен ғолиби бистрӯзаи дуюми маъракаи пахтачинӣ гардид

30 октябр дар майдони назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода маросими қадршиносии ғолибони бистрӯзаи дуюми маъракаи пахтачинӣ баргузор гардид.

Дар натиҷаи ҷамъбасти бистрӯзаи дуюми маъракаи пахтачинӣ ноҳияи Спитамен ғолиб дониста шуд. Пахтакорони ноҳия то имрӯз 12 ҳазору 380 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки ба 94,7 фоизи нақша баробар аст.
Ҷойи дуюмро заркорони ноҳияи Ашт соҳиб шуданд. Дар ноҳия то имрӯз 7 ҳазору 879 тонна пахта ҷамъоварӣ гардида, нақшаи пешбинишуда 62,9 фоиз иҷро шудааст. Миёни ҷамоатҳои деҳот бошад, Ҷамоати деҳоти Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ ғолиб дониста шуд.
Тибқи маълумоти оморӣ, то 30 октябри соли равон дар вилояти Суғд 77 ҳазору 7,4 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки ба 64,7 фоизи нақшаи солона баробар мебошад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни маросим ба ғолибони бистрӯзаи дуюми маъракаи пахтачинӣ туҳфаҳои пулӣ ва ба хоҷагиҳои пешқадам ва чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Ҳамзамон, барои дар муҳлати муқарраршуда ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ба раисони шаҳру ноҳияҳо супоришҳои мушаххас дода шуд. Таъкид гардид, ки рӯзҳои мусоиди обу ҳаво бояд самаранок истифода шуда, тамоми имкониятҳо барои суръат бахшидан ба маъракаи пахтачинӣ сафарбар карда шаванд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ноҳияе, ки нақшаи пешбинишудаи истеҳсоли пахтаро пурра иҷро мекунад, бо туҳфаи арзанда — автомобил қадрдонӣ карда мешавад.
Зикр гардид, ки нақшаи истеҳсоли пахта дар вилояти Суғд 119 ҳазор тоннаро ташкил дода, масъулонро зарур аст, ки барои иҷрои пурраи он тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд