Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд, ки дар он навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои дастрас ба сокинон пешниҳод гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз растаҳои фурӯши маҳсулот боздид намуда, бо навъу сифати маҳсулоти пешниҳодшуда ва нархи онҳо шинос шуд.
Таъкид гардид, ки ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ яке аз тадбирҳои муҳим барои таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ, дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти хушсифат ва пешгирии болоравии нархи маҳсулот ба ҳисоб меравад.
Дар ярмарка маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту меваҷот ва дигар маводи ғизоӣ пешниҳод гардида, сокинон имконият пайдо карданд, ки маҳсулоти заруриро бо нархҳои нисбатан дастрас харидорӣ намоянд.
Бояд гуфт, ки ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ ва беҳтар гардидани дастрасии сокинон ба маҳсулоти ғизоӣ мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд