Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо масъулини соҳаи кишоварзӣ, роҳбарони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои пахтакор ва намояндагони касбу кори гуногун мулоқот намуда, масъалаи ҷамъоварии саривақтӣ ва пурраи ҳосили пахтаро баррасӣ кард.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки пахтакорӣ яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзӣ буда, дар таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом, таъсиси ҷойҳои корӣ ва рушди иқтисодиёти минтақа нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, дар марҳилаи кунунӣ истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва сафарбар намудани тамоми захираҳо барои сари вақт ҷамъоварӣ кардани ҳосили боқимонда аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.
Раҷаб Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъулини ноҳия ва кишоварзонро вазифадор намуд, ки ба масъалаи ҷамъоварии ҳосили пахта таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда, барои иҷрои пурра ва барзиёди нақшаи пешбинишуда тадбирҳои мушаххас андешанд.
Таъкид шуд, ки бо дарназардошти мусоид будани вазъи обу ҳаво зарур аст, ки имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода гардида, чинакчиён ба саҳро бештар ҷалб карда шаванд. Ҳамзамон, роҳбарони хоҷагиҳои пахтакор бояд ташкили дурусти кор, истифодаи мақсадноки қувваи корӣ ва интиқоли саривақтии пахтаи ҷамъоваришуда ба корхонаҳои коркарди пахта таъмин намоянд.
Раиси вилоят ҳамчунин ба масъалаи фаъолияти мунтазами корхонаҳои қабул ва коркарди пахта таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зарурати тақвияти ҳамкории мутақобилаи хоҷагиҳои кишоварзӣ ва корхонаҳои саноатиро таъкид кард. Зикр гардид, ки рушди низоми кластерӣ, афзоиши ҳаҷми қабулу коркарди пахта ва истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ барои баланд бардоштани самаранокии соҳа ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ мусоидат менамояд.
Дар идома Раиси вилоят бо раванди ҷамъоварии пахта ва фаъолияти хоҷагиҳои пахтакори ноҳия шинос шуда, аз корхонаҳои қабул ва коркарди пахтаи ҶДММ «Шамс 777» ва ҶДММ «Зафариён» боздид намуд. Иттилоъ дода шуд, ки корхонаҳои мазкур пахтаи аз саҳро ҷамъоваришударо қабул намуда, барои коркарди минбаъда омода мекунанд.
Раҷаб Аҳмадзода масъулинро вазифадор намуд, ки қабули бетанаффуси пахта ва фаъолияти мунтазами корхонаҳоро таъмин карда, барои пешгирии талафоти ҳосил ва сари вақт ба анбору корхонаҳо расонидани маҳсулот чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар рафти боздид ба меҳнати чинакчиён низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Раиси вилоят ба як қатор чинакчиёни пешсаф туҳфаҳо тақдим намуда, саҳми онҳоро дар ҷамъоварии ҳосили пахта назаррас арзёбӣ кард.
Дар фарҷоми боздид Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба дидорбинии собиқадори соҳаи кишоварзӣ Фотима Темирова рафт. Номбурда тӯли 55 сол ҳамроҳи ҳамсараш дар соҳаи кишоварзии ноҳия фаъолият намуда, дар рушди пахтакорӣ ва пешрафти соҳа саҳми арзанда гузоштааст. Раиси вилоят аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадор туҳфаҳо тақдим намуда, ба ӯ саломатӣ ва рӯзгори обод орзу кард.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




