Дар доираи сафари корӣ ба ҷамоату деҳоти шаҳри Конибодом Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо рафти корҳои саҳроӣ, аз ҷумла ҷамъоварии пахта, кишти такрорӣ ва фаъолияти корхонаи коркарди пахта шинос гардида, барои истифодаи самараноки имкониятҳо ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосил ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода нахуст дар Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи ба номи Энаҷон Бойматова бо рафти ҷамъоварии пахта шинос шуда, пешсафони маъракаро бо туҳфаҳо ҳавасманд гардонд.
Солҳои охир дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди пахтакорӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами агротехникӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад. Ин раванд барои баланд бардоштани ҳосилнокии замин ва афзоиши истеҳсоли пахта замина фароҳам меорад.
Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи ба номи Энаҷон Бойматова яке аз хоҷагиҳои калони пахтакори шаҳри Конибодом ба ҳисоб рафта, бо истифода аз усулҳои муосири агротехникӣ ва таҷрибаи пешқадам сол ба сол ҳосилнокии заминро баланд мебардорад. Кишоварзони хоҷагӣ соли ҷорӣ дар масоҳати 280 гектар пахтаи навъи «Ориё» кишт намуда, то имрӯз 840 тонна пахта ҷамъоварӣ кардаанд, ки ба 70 дарсади нақшаи истеҳсолӣ баробар аст.
Раҷаб Аҳмадзода ба мутахассисон ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дастур дод, ки барои беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил тамоми имкониятҳо сафарбар карда шаванд.
Соли равон дар шаҳри Конибодом дар масоҳати 4020 гектар пахта кишт гардида, то ин марҳила 3944 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 34,8 дарсади нақша баробар мебошад.
Раиси вилоят инчунин бо ҷараёни кишти такрорӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи ба номи Энаҷон Бойматова шинос шуд.
Дар шаҳри Конибодом соли ҷорӣ тибқи нақша мебоист дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзӣ дар масоҳати 1840 гектар кишти такрорӣ гузаронида шавад. Дар натиҷа, ин нишондиҳанда ба 2081 гектар расонида шудааст.
Дар заминҳои кишти такрорӣ асосан сабзӣ, мош, лӯбиё, шолӣ, бодиринг, полезиҳо ва дигар зироатҳо кишт гардидаанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ хуб буда, риояи ҳатмии қоидаҳои агротехникӣ метавонад барои ба даст овардани ҳосили баланд мусоидат намояд.
Дар хоҷагии ба номи Энаҷон Бойматова низ дар масоҳати 20 гектар сабзӣ, шалғам, турб, зироатҳои хӯроки чорво ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ кишт карда шудаанд. Интизор меравад, ки дар натиҷаи нигоҳубини дуруст аз заминҳои мазкур ҳосили хуб ба даст оварда шавад.
Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо фаъолияти коргоҳи коркарди пахтаи ҶДММ «Пахтаи Ориён» шинос шуд.
Корхонаи мазкур яке аз корхонаҳои асосии коркарди пахта дар шаҳр ба шумор рафта, фаъолияти худро аз оғози маъракаи пахтачинӣ ба роҳ мондааст. То имрӯз дар коргоҳ беш аз 2500 тонна пахта захира шуда, коркарди аввалияи он аллакай оғоз гардидааст.
Истифодаи технологияҳои муосир имкон медиҳад, ки фоизи баромади нахи пахта баланд бардошта шавад. Корхона бо хоҷагиҳои деҳқонӣ шартномаҳои тарафайн ба имзо расонида, нақша дорад, ки дар мавсими имсола то 5000 тонна пахта қабул намояд.
Дар корхона 68 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд, ки ин дар баробари фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ба рушди саноатикунонии босуръати кишвар низ мусоидат мекунад.
Дар ин замина, ба роҳбарияти коргоҳ ва масъулин дастур дода шуд, ки барои дастгирии пахтакорон, фароҳам овардани шароити мусоиди ҳамкорӣ ва ҳавасмандгардонии деҳқонон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




