Дар Конибодом минтақаи истироҳатӣ бунёд мешавад

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом дар деҳаи Равот бо рафти корҳои сохтмонии минтақаи истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин мавзеъи хушбоду ҳаво дар масоҳати 5 гектар сохтмони нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ ба нақша гирифта шудааст. Айни замон корҳои сохтмонӣ оғоз гардида, қисмати аввали он ба анҷом расидааст.
Раиси вилоят зимни боздид ба масъулон тавсия дод, ки дар баробари бунёди минтақаи истироҳатӣ, инчунин сохтмони ҳавзҳои моҳипарварӣ ба роҳ монда шавад.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дорои табиати нотакрор ва мавзеъҳои дорои иқтидори баланди сайёҳӣ буда, истифодаи самараноки чунин имкониятҳо барои рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ ва муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд