Шиносоӣ бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар Конибодом

Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Патари шаҳри Конибодом бо рафти сохтмони коргоҳи бастубанди меваи хушк шинос гардид.

Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шуда, пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ бо таҷҳизоти муосир таъмин ва барои коркард ва бастубанди меваҳои маҳаллӣ ба фаъолият оғоз мекунад.
Тавре иттилоъ дода шуд, бунёди чунин коргоҳҳо барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори дохилӣ ва густариши содироти маҳсулоти ватанӣ ба кишварҳои хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як моҳ то 120 тоннаро ташкил дода, бо ба фаъолият оғоз намудани он то 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо рафти корҳои сохтмонӣ ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизот дар корхонаи истеҳсоли оҳани ҶСК «Бодом» шинос шуд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки коргоҳ пурра таҷдиду навсозӣ гардида, бо ворид намудани дастгоҳу таҷҳизоти муосир хатҳои нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз мекунанд. Таҷҳизоти зарурӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шуда, дар коргоҳ истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ барои корхонаҳои коркарди маъдан ва пойгоҳҳои обкашӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар маҷмӯъ, истеҳсоли зиёда аз 50 номгӯйи маҳсулоти тайёр ба нақша гирифта шудааст, ки ҷойгузини маҳсулоти воридотӣ хоҳанд буд. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, талабот ба ин намуди маҳсулот дар бозори дохилӣ зиёд мебошад.
Коргоҳ аз се сех — рехтагарӣ, кафшергарӣ ва механикӣ иборат буда, иқтидори истеҳсолии он коркарди то 50 тонна оҳанро ташкил медиҳад.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ таъкид кард, ки таҷдиду навсозии корхона ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар маҳалҳо ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат мекунад.
Масъулон ният доранд, ки марҳилаи аввали коргоҳро соли ҷорӣ ба истифода диҳанд. Бо оғози фаъолияти он то 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд