Раиси вилояти Суғд бо рафти сохтмони иншооти таълимӣ дар Конибодом шинос шуд

8 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом бо рафти таҷдиду навсозии бинои иловагии Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом шинос гардид.

Бинои иловагӣ дорои 22 синфхонаи таълимӣ, 21 ҳуҷраи кориву маъмурӣ, дигар утоқҳои ёрирасон ва майдончаи варзишии болопӯшида буда, пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ дар он барои таҳсили донишҷӯён шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии вилояти Суғд ба шумор рафта, аз рӯйи 9 ихтисос мутахассис омода мекунад. Дар муассисаи таълимӣ наздики 1300 донишҷӯ таҳсил дошта, ба онҳо зиёда аз 100 омӯзгор дарс мегӯянд.
Ба истифода додани бинои иловагӣ имкон медиҳад, ки сарбории биноҳои мавҷудаи коллеҷ коҳиш ёфта, шароити таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони соҳаи тиб беҳтар карда шавад.
Раиси вилоят ба роҳбарияти коллеҷ ҷиҳати бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд