Дар Конибодом мумфаршкунии кӯчаи Абдулло Мумин оғоз ёфт

8 октябр бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Куҳандиёри шаҳри Конибодом ба корҳои мумфаршкунии кӯчаи ба номи Абдулло Мумин оғоз бахшида шуд.

Дарозии умумии роҳи мумфаршшаванда зиёда аз 1,7 километрро ташкил дода, он бо ташаббуси сокинон мумфарш мегардад. То имрӯз корҳои ҳамворкунӣ ва таҳкурсии роҳ ба анҷом расида, масъулон тасмим доранд дар муҳлати кӯтоҳтарин корҳои роҳсозиро пурра ба итмом расонанд.
Зимни мулоқот бо сокинон ва масъулон Раиси вилоят таъкид дошт, ки бо дастгириву таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорҳо иншооти ҷашнӣ бунёд ва ба истифода дода шуд.
Раиси вилоят ба масъулони корҳои роҳсозӣ ҷиҳати риояи талаботи меъёрҳои сохтмонӣ ва таъмини сифати корҳои иҷрошаванда дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Бино ба иттилои Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Конибодом аз аввали сол то имрӯз дар шаҳр дар масофаи беш аз 90 километр роҳ таъмири асосӣ гузаронида шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд