8 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва роҳбари Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Мирзоалӣ Комил дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом аз Корхонаи фаръии ҷумҳуриявии коргоҳи таъмири қатораҳо дар деҳоти Маҳрам боздид намуданд.
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи мазкур яке аз корхонаҳои бузурги соҳа ба шумор рафта, самти асосии фаъолияти он таъмири қатораҳои мусофирбар ва боркаш мебошад. Айни замон дар коргоҳ зиёда аз 160 нафар корманд фаъолият дошта, дар пешрафти соҳаи нақлиёти роҳи оҳан саҳм мегузоранд.
Бо дастгириву таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, роҳбарият ва кормандони коргоҳ барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва тавсеаи иқтидори истеҳсолӣ талош менамоянд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар коргоҳ сехи назорати автоматӣ, қитъаи таъмири вагонҳои боркаш ва сехи рангуборкунии вагонҳо сохта, ба истифода дода шудаанд.
Дар баробари ин, айни замон дар коргоҳ сехи нав ба фаъолият оғоз намуда, дар он намудҳои гуногуни таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ истеҳсол карда мешаванд. Бо мақсади иваз намудани маҳсулоти воридотӣ дар коргоҳ 280 номгӯй ҷузъу таҷҳизоти зарурӣ барои таъмири вагонҳо, аз ҷумла таҷҳизоти зервагонӣ, истеҳсол мегардад. Ин иқдом барои коҳиш додани арзиши таъмири вагонҳо мусоидат менамояд.
Корхонаи фаръии ҷумҳуриявии коргоҳи таъмири қатораҳо бо 56 ширкати дохиливу хориҷӣ ҳамкории мутақобила дошта, ҳамасола зиёда аз 500 қатораро таъмиру навсозӣ мекунад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо фаъолияти кунунӣ, шароити кор ва имкониятҳои истеҳсолии коргоҳ шинос шуда, ба фаъолияти он баҳои баланд доданд. Ҳамзамон, ба масъулон ҷиҳати рушди соҳа, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда ва ташкили хатсайрҳои нав дастуру маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




