Суғд: Ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Спитамен ғолиби мусобиқаи меҳнатӣ оид ба пахтачинӣ гардиданд

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода маросими ҷамъбасти мусобиқаи меҳнатӣ оид ба пахтачинӣ баргузор гардид.

Дар он натиҷаҳои фаъолияти пахтакорони вилоят то 9 октябри соли 2026 ҷамъбаст ва ғолибони 20 рӯзаи аввали маъракаи пахтачинӣ муайян карда шуданд.
Тибқи маълумоти оморӣ нақшаи истеҳсоли пахта дар вилояти Суғд 119 ҳазор тоннаро ташкил дода, то 9 октябр 39 ҳазору 780 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 33,4 фоизи нақша баробар мебошад.
Дар натиҷаи ҷамъбасти мусобиқаи меҳнатӣ ноҳияи Ҷаббор Расулов сазовори ҷойи аввал ва ноҳияи Спитамен сазовори ҷойи дуюм гардиданд. Ҳамзамон, миёни ҷамоатҳои шаҳраку деҳот Ҷамоати деҳоти Патари шаҳри Конибодом ғолиб дониста шуд.
Мувофиқи нишондиҳандаҳои оморӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз 11 ҳазору 330 тонна нақшаи истеҳсолӣ то ин давра 5412 тонна пахта ҷамъоварӣ шуда, иҷрои нақша 47,8 фоизро ташкил додааст. Дар ноҳияи Спитамен бошад, аз 13 ҳазору 70 тонна нақшаи пешбинишуда 5740 тонна пахта ҷамъоварӣ гардида, иҷрои он ба 43,9 фоиз баробар шудааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба ғолибони мусобиқа вимпел ва мукофотҳои пулӣ супорид.
Ҳамзамон, ба як қатор хоҷагиҳои пахтакор ва чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки барои сари вақт ва босифат ба анҷом расонидани маъракаи пахтачинӣ сафарбар намудани тамоми захираҳо ва истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда зарур мебошад.
Мусобиқаи меҳнатӣ ба баланд бардоштани ҳавасмандии пахтакорон, тақвияти суръати ҷамъоварии ҳосил ва таъмини иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ равона гардида, натиҷаҳои он барои ҷалби бештари хоҷагиҳои пахтакор ба корҳои саҳроӣ замина мегузорад.
Маъракаи пахтачинӣ дар вилояти Суғд идома дошта, бо талоши меҳнаткашони вилоят интизор меравад, ки нақшаи пешбинишуда иҷро гардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд