Ба сохторҳои масъул дар ноҳияи Мастчоҳ мошинҳои хизматӣ супорида шуд

Бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ ва КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» як ададӣ автомашинаи хизматӣ супурда шуд.

Таъмини сохторҳои масъул бо техника ва автомашинаҳои хизматӣ барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, тақвияти фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва беҳтар намудани корҳои хоҷагию коммуналӣ мусоидат хоҳад кард.
Раиси вилоят зимни суҳбат таъкид кард, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тадбирҳои муҳимро амалӣ намуда, дар ин замина ҳатто дар дурдасттарин деҳаҳо корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома доранд.
Таъкид гардид, ки таъмин намудани сохторҳои масъул бо техникаи зарурӣ ба иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ ва беҳтар гардидани хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд