Дар ноҳияи Мастчоҳ толори варзишӣ ба истифода дода шуд

Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ толори варзишӣ барои машғулиятҳои ҷудоро мавриди истифода қарор дод.

Толори варзишӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бо маблағи беш аз 3 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Дар ошёнаи якуми бино маркази хизматрасонӣ таъсис дода мешавад, ки пас аз мавриди истифода қарор гирифтан то 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Раиси вилоят зимни суханронӣ аз рушди варзиш ва ҷалби наврасону ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад, изҳори қаноатмандӣ намуда, онҳоро ба машғул шудан ба варзиш ҳидоят кард.
Гуфта шуд, ки фароҳам овардани шароити муносиб барои машқу тамрини ҷавонон, бахусус дар деҳот, барои рушди қобилиятҳои варзишии онҳо имконият фароҳам меорад.
Толори нави варзишӣ барои машқу тамрини мунтазами наврасону ҷавонон ва омодагии варзишгарони ноҳия ба мусобиқаҳои сатҳи гуногун заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд