Дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Мастчоҳ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо фаъолияти корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ «Гулшани Худойдод» шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки корхона барои қабулу коркарди пахтаи ноҳия мавқеи муҳим дошта, қабули ашёи хоми аз саҳро воридшаванда ва коркарди минбаъдаи онро таъмин менамояд. Корхона бо хоҷагиҳои пахтакор ҳамкорӣ дошта, айни замон қабули пахтаи ҷамъоваришуда ва коркарди он ба таври муназзам ба роҳ монда шудааст.
Фаъолияти мунтазами корхонаҳои қабул ва коркарди пахта барои сари вақт ба гардиши истеҳсолӣ ворид намудани ашёи хом, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва рушди соҳаи саноат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ба иттилои Раёсати кишоварзии ноҳия, то 28 сентябр корхонаҳои бузурги коркарди пахтаи ноҳия, аз ҷумла «Музаффар К» беш аз 1600 тонна, «Амир Шукур» 1162 тонна, «Гулшани Худойдод» 1158 тонна, «Шариф Асад» 981,7 тонна, «Нишот» беш аз 752 тонна, «Ҳамро-2016» зиёда аз 663 тонна ва «Шаҳром» беш аз 500 тонна пахта қабул кардаанд.
Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз ҳоли собиқадорони соҳаи кишоварзӣ Худойдод Назиров ва Қурбонбой Солиҳов хабар гирифт.
Зимни суҳбат бо собиқадорон Раиси вилоят таъкид намуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои арзанда ва фаъолияти пурсамари собиқадорони соҳаи кишоварзӣ қадршиносӣ гардида, таҷрибаи онҳо барои тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ба собиқадорони меҳнат аз номи Сарвари давлат туҳфаҳои моливу пулӣ тақдим гардид.
Дар навбати худ собиқадорон барои таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




