Тавре қаблан хабар дода будем, рӯзҳои 28–29 сентябри соли 2026 дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Гулистон Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Водии Фарғона: фазои сулҳ, эътимод ва шукуфоӣ» баргузор гардид. Форум ба солгарди қабули Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ бахшида шуд.
Дар кори Форум намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, доираҳои дипломатӣ, марказҳои таҳлилӣ ва тадқиқотӣ, ҷомеаи илмӣ ва шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма, созмонҳои ҷавонону занон ва ҷамоатҳои маҳаллии кишварҳои минтақаи Водии Фарғона иштирок намуданд.
Дар доираи ҳашт самти мавзӯӣ масъалаҳои рушди устувор, иқтисод ва саноат, ҳифзи муҳити зист, таҳкими эътимоди минтақавӣ, нақши ҷавонон ва занон дар равандҳои сулҳомез, ҳамкории касбии воситаҳои ахбори омма ва иштироки ҷомеаҳои маҳаллӣ баррасӣ шуданд. Иштирокчиён таҷриба ва андешаҳои худро оид ба чолишҳои минтақа, рушди ҳамкориҳои фаромарзӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда мубодила намуда, пешниҳодҳои мушаххас ироа карданд.
Дар қисми ҷамъбастӣ сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъруф Абдуҷабборов ба баромадкунандагон ва роҳбарони ҷаласаҳои мавзӯӣ барои иштироки фаъол изҳори сипос намуда, натиҷаҳои муҳокимаҳоро ҷамъбаст кард.
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода низ ба иштирокчиён ва шарикони Форум, аз ҷумла роҳбарияти вилояти Суғд, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои таҳқиқотии Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон, инчунин воситаҳои ахбори омма барои саҳми фаъол дар баргузории чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Форуми дуюми сулҳи Фарғона бо таъкиди аҳаммияти идомаи муколама, таҳкими эътимод ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ анҷом ёфт.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




