Дар Панҷакент барои муҳоҷирони экологӣ маҳаллаи нав бунёд гардид

Дар Ҷамоати деҳоти Воруи шаҳри Панҷакент барои 25 оилаи муҳоҷирони экологӣ маҳаллаи нави истиқоматӣ ба истифода дода шуд.

Бо мақсади пешгирии талафоти ҷонӣ ва ҳифзи аҳолӣ аз офатҳои табиӣ тибқи тадбирандешиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои бехатар кӯчонида мешаванд. Дар доираи ин тадбир имрӯз ба 25 оилае, ки аз минтақаҳои хавфнок ба маҳалли бехатар кӯчонида шуданд, калиди хонаҳои истиқоматӣ супорида шуд.
Хонаҳои нав дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Воруи шаҳри Панҷакент бо дастгирӣ ва маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент, ташкилоти ҷамъиятии "Фонди хайриявии Тоҷикистон" ва шарикони рушд аз АМА бунёд гардидааст.
Дар масоҳати 3 гектар 25 хонаи дуҳуҷрагӣ бо тамоми шароити зарурӣ сохта шуда, ҳамзамон бунгоҳи тиббӣ ва муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ барои таълими 240 хонанда дар ду баст ба истифода дода шуд.
Зимни суҳбат бо сокинони маҳаллаи нав Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз сиёсати инсонпарварона ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа ёдоварӣ кард.
Раҷаб Аҳмадзода зикр кард, ки маҳз бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат имрӯз оилаҳои муҳоҷирони экологӣ аз ҷойҳои хавфнок ба маҳалли ободу зебо ва барои зиндагӣ мувофиқ кӯчонида шуданд.
Тибқи лоиҳа, ба ҳар як оила чорвои калони ширдеҳ ва занбӯри асал низ дода мешавад. Ҳамчунин, бо мақсади омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон ба ҳар як оила 1,4 тоннаӣ ангишт тақдим гардид.
Таъкид шуд, ки роҳҳои дохилии маҳаллаи нав пурра мумфарш гардида, дар гирду атрофи хонаҳо деворҳо бунёд карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд