Дар Панҷакент бунёди корхонаҳои нави саноатӣ идома дорад

Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Панҷакент, корҳои ободониву созандагӣ ва бунёди иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ вусъат гирифта, барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинон замина фароҳам меорад.

29 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент бо рафти корҳои сохтмонии як қатор корхонаҳои саноатӣ шинос шуд.
Дар деҳаи Рукнободии Ҷамоати деҳоти Вору сохтмони корхонаи муштараки саноатии "Броадтек – Тоҷикистон" идома дорад. Корхона дар масоҳати 2 гектар бунёд шуда, самти фаъолияти он истеҳсоли калъағӣ мебошад.
Айни замон беш аз 30 нафар мутахассисони маҳаллӣ ва хориҷӣ ба корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла бунёди печҳои махсуси истеҳсолӣ, иншооти ёрирасон ва омода намудани дохили сеху коргоҳҳо барои насбу васли таҷҳизот ҷалб шудаанд.
Мавриди истифода қарор гирифтани корхона имкон медиҳад, ки дар як шабонарӯз то 300 тонна маъдан истихроҷ карда шавад. Пас аз пурра ба истифода додани корхона 300 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Дар деҳаи Суҷинаи шаҳри Панҷакент Раҷаб Аҳмадзода бо рафти корҳои сохтмонии коргоҳи ҷуроббофӣ ва истеҳсоли дастпӯшакҳо шинос гардид.
Бинои асосии коргоҳ аз се ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум сехи истеҳсолӣ бо 10 ҷойи корӣ ба истифода дода мешавад. Дар ду ошёнаи болоӣ меҳмонхона бо 16 ҳуҷра барои қабули 45 меҳмон ва толори баргузории машварату вохӯриҳо бо 10 ҷойи корӣ бунёд мешавад. Айни замон корҳои асосии сохтмонӣ дар ин иншоот ба анҷом расидаанд.
Соҳибкор Самарҷон Эшов ҳамчунин тасмим гирифтааст дар назди коргоҳ сардхона барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ бунёд намояд. Ҳамзамон, сохтмони чойхона ва маркази баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бо 10 ҷойи корӣ, мағозаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрока ва қисмҳои эҳтиётии автомобил, нуқтаҳои таъмири автомобил ва дигар марказҳои хизматрасонӣ дар назар аст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба иқдоми соҳибкор баҳои баланд дода, барои саҳмгузорӣ дар рушди маҳал ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ изҳори сипос намуд.
Дар Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан соҳибкор Дӯстзода Афзалшоҳ бо истифода аз дастгириву имтиёзҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан, қабул ва коркарди мева ва истеҳсоли афшураро таҳти номи ҶДММ «Оби Ҳафтрӯд» бунёд карда истодааст.
Корхона дар масоҳати 1 гектар бунёд шуда, бо ворид ва насби 5 навъи таҷҳизоти истеҳсолӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин иқтидори коркарди 60 тонна обро дар як соат хоҳад дошт.
Дар корхона истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан, оби газнокшуда ва афшура аз меваю сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ба роҳ монда шуда, барои 60 нафар ҷойи корӣ фароҳам оварда мешавад. Тибқи нақша, корхона дар арафаи Наврӯзи байналмилалии соли 2027 мавриди истифода қарор дода мешавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масъулини корхона ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дастур дод, ки барои истифодаи самараноки маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва содиротӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии маҳал тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд